Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина қонунеро қабул карданд, ки олигархҳоро нишон гирифтааст


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Президенти Украина ба қонуне имзо гузошт, ки ҳадафи он пешгирӣ аз нуфуз ё таъсири сиёсии олигархҳои ин кишвар аст.

Владимир Зеленский рӯзи 5-уми ноябр гуфт, қонун манфиатҳои ҷомеаро таъмин мекунад, на як гуруҳи хурди сарватманд ва қудратмандро.

Ӯ афзуд, агар касе одат кардааст, ки сиёсатмадоронро "мехарад", то ба ин васила аз қонун фирор кунад, "бояд бо ин одат худоҳофизӣ намояд".

Қонун моҳи сентябри имсол аз ҷониби порлумони Украина тасвиб шудааст. Бино бар он, рӯйхати олигархҳоро тартиб дода, аз мансабдорон талаб мекунанд, ки тамосу робитаҳои худро бо онҳо ва ё намояндагонашон ошкор созанд.

Қонун, инчунин, сарватмандонро аз сармоягузорӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, таблиғҳои сиёсӣ ва ё намоишҳо боздошта, аз хусусигардонии дороиҳои давлатӣ маҳрум мекунад.

Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо муддатҳо боз аз Украина даъват доштанд, нуфузи афзояндаи олигархҳоро кам кунад. Мухолифони қонуни нав дар Украина низ кам нестанд.

XS
SM
MD
LG