Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ: Осиёи Марказӣ дубора дар "маркази пандемияи COVID-19" қарор дорад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) 4-уми ноябр хабар дод, ки давоми чаҳор ҳафтаи ахир шумораи ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус ё COVID-19 дар Аврупо 55 дарсад афзоиш ёфтааст.

Масъулони созмон гуфтаанд, агар ин раванд идома ёбад, эҳтимол аст, то оғози соли 2022 дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳудуди як миллион фавти дигар бар асари коронавируси нав ба қайд гирифта шавад.

Мудири барномаҳои СҶТ оид ба ҳолатҳои изтирорӣ дар бахши тандурустӣ Майк Райан рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт, афзоиши мубталошавӣ ба коронавирус дар пасманзари ба кундӣ пеш рафтани раванди эмкунии сокинон дар баъзе аз кишварҳое мушоҳида мешавад, ки дастрасӣ ба ваксинаро доранд.

Барои намуна, Аврупои Шарқӣ бо афзоиши шумораи гирифторони коронавирус дар ҳоле мубориза мебарад, ки омори эмшудаҳо дар он дар сатҳи хеле поин аст. Дар Русия ва Украина сабти шумори рекордии мубталоён идома меёбад.

Мудири бахши минтақавӣ - аврупоии СҶТ Ханс Клюге ахиран гуфт, кишварҳои ин минтақа дубора дар маркази пандемияи коронавирус қарор гирифтанд. Ба ҳайати бахши аврупоии СҶТ ба ҷуз аз кишварҳои Аврупо, давлатҳои Осиёи Марказӣ низ шомил мешавад.

XS
SM
MD
LG