Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон гуфт, Тоҷикистон ба ҳамлу нақли кумакҳо ба Афғонистон мусоидат мекунад


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон омода аст, имкониятҳои логистикии худро барои расонидани кумакҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ ба Афғонистон пешниҳод кунад. Дар ин бора президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 3-юми ноябр изҳор дошт.

"Буҳрони амиқи сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст, шиддатҳоро дар минтақа ба бор меорад", - гуфт президенти Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, ҳудуди Афғонистон ҳамоно манбаи паҳншавии хатарҳои муосир монда, Тоҷикистон, ки марзи дарозе бо Афғонистон дорад, дар хатти аввали хатарҳои мазкур қарор гирифтааст.

Тоҷикистон ягона кишвар аз шумори ҳамсояҳои Афғонистон аст, ки дар баробари ҳаракати "Толибон" мавқеи оштинопазир гирифтааст. Эмомалӣ Раҳмон “Толибон”-ро ба хотири нодида гирифтани ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон танқид кардааст.

"Толибон" ба нерӯҳои ҳукумати пешини Афғонистон ҳамла карда, баъди хуруҷи Амрико қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд. Рӯзи 15-уми августи имсол Кобул ба дасти “Толибон” вожгун шуд.

XS
SM
MD
LG