Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастгоҳи президенти Қирғизистон: Муколамаҳои сиёсӣ бо Тоҷикистон идома доранд


Жээнбек Кулубоев
Жээнбек Кулубоев

Сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон, Жээнбек Кулубоев, раванди гуфтугӯҳои марзиро бо Тоҷикистон шарҳ дод.

Ӯ дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, гуруҳҳои кории топографии ду кишвар дар мавриди таъйин ва нишонагузории марзҳои давлатӣ моҳе ду бор мулоқот мекунанд. Кулубоев афзуд, "баъди ба поён расидани кори гуруҳҳо, гуфтугӯҳо дар сатҳи раҳбарони давлатҳо идома хоҳад кард."

"Мо мехоҳем як саҳифаро пӯшида, саҳифаи наверо оғоз кунем. Муҳим манфиатҳои ҳар ду кишвар ба инобат гирифта шаванд. Ҳеч тарафе набояд бибозад. Бигзор, коршиносони ду кишвар баррасӣ кунанд ва вақте онҳо ба созиш расиданд, гуфтугӯҳо дар сатҳи байниҳукуматӣ оғоз мешаванд. Раҳбарони минтақаҳои марзӣ низ бо ҷалби сокинони маҳаллӣ дар сатҳи худ кор мекунанд. Ин муҳим аст. Мо дар Бишкек ё Душанбе нишаста, намедонем, ки дар онҷо чӣ гап аст. Сокинони маҳаллӣ хубтар медонанд. Вазифаи давлат ҳам ташкили шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинон аст. Бинобар ин, ҳоло ҳамаи ниҳодҳои марбут ба марзҳои давлатӣ фаъолона кор мекунанд. Мо пешравиро мунтазир ҳастем", - изҳор дошт Кулубоев.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 980 километр буда, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар он даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез мондаанд. Аз ин сабаб аҳёнан байни сокинон ва низомиёни ду кишвар низоъҳо, аз ҷумла бо истифода аз силоҳ ба амал меоянд.

Феълан Кумисюни ҳукуматии ду кишвар музокиротро дар бораи таъину нишонагузории марз идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG