Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Қирғизистон ба латукӯб шудани як муҳоҷираш аз сӯи пулиси рус


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Сафорати Қирғизистон дар шаҳри Маскав дар эътироз ба латукӯб шудани як қирғизистонӣ аз сӯи пулиси рус ба Вазорати корҳои хориҷии Русия нота фиристодааст.

Ин ниҳод, инчунин, ба Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати тафтишотии Русия муроҷиат карда, хоҳони таъмини таҳқиқи беғаразонаи ҳодиса ва додани баҳои ҳуқуқӣ ба корманди пулис шудааст.

"Барои ҳимояти ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрванди Қирғизистон ҳамаи чораҳои имконпазир андешида мешавад", - омадааст дар иттилоияи сафорати Қирғизистон дар Русия.

Блогер Ринат Усупбаев 3-юми ноябр бо нашри видеое хабар дод, ки як шаҳрванди Қирғизистон дар шаҳри Маскав аз сӯи корманди пулис латукӯб шудааст. Ӯ аз Вазорати умури хориҷии Қирғизистон хоста, ки ба сафорати Русия дар Бишкек нотаи эътирозӣ фиристад.

Дар видео дида мешавад, ду корманди пулис марди дорои чеҳраи осиёиро ҳангоми боздошт задаанд. Роҳгузарон аз маъмурон хоҳиш мекунанд, ки аз нерӯ кор нагиранд.

Сафорати Қирғизистон муайян кардааст, ки ин ҳодиса рӯзи 2-юми ноябр дар Маскав рух дода, шахси латукӯбшуда шаҳрванди 21-солаи он кишвар аст. Сабаби боздошти муҳоҷири қирғизистонӣ гуфта намешавад.

XS
SM
MD
LG