Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Оҳангҳо"-и Аниса Собирӣ ҷоиза гирифт


Аниса Собирӣ
Аниса Собирӣ

"Оҳангҳои даврони гузашта", филми мустанади шоир ва коргардони тоҷик Аниса Собирӣ, дар ҷашнвораи байнулмилалии "Calvert Journal" ҷоизаи филми маҳбубтарин аз нигоҳи тамошобинро ба даст овард. Ин мустанадро аз миёни 35 филм аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон яке аз шаш филми беҳтарини ҷашнвора донистаанд. "Оҳангҳои даврони гузашта" филми 45-дақиқаӣ аст, ки дар бораи суннатҳои мусиқии дар ҳоли нобудӣ дар Тоҷикистон қисса мекунад. Ин филми коргардони тоҷик тобистони имсол дар Фестивали филмҳои мустанади Sole luna festival дар Итолиё ҳам соҳиби ҷоиза шуда буд.

XS
SM
MD
LG