Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиши пайвандони Иззат Амон: Шикоят кай баррасӣ мешавад?


Иззат Амон
Иззат Амон

Пайвандони Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷирони тоҷик, аз он нигаронанд, ки то ҳанӯз шикояти кассатсионии онҳо баррасӣ нашудааст.

Муҳаммадсуф Холов, писари Иззат Амон, рӯзи 2-юми ноябр гуфт, аз пешниҳоди аризаи шикоятии онҳо Додгоҳи олӣ ду ҳафта мегузарад, вале посухе нагирифтаанд.

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикро, ки баҳори имсол аз Русия ихроҷ ва дар Тоҷикистон дастгир шуд, 19-уми октябр бо гуноҳи "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" ба 9 сол зиндон маҳкум карданд. Ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе содир кард.

Саидбурҳон Шарифов, вакили мудофеи Иззат Амон, 21-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, аризаро бо имзои зерҳимояаш ба Додгоҳи олӣ супурданд. Дар ариза масъалаи иҷро нашудани қонуни афвро зикр намудаанд.

Муҳаммадюсуф Холов мегӯяд, номуайянӣ дар сарнавишти падараш хонаводаи онҳоро дар ташвиш гузоштааст. Ба иттилои мақомот, Иззат Амон бар асоси даъвои чанд нафар дастгир шуда, ба қаллобӣ гунаҳкор шудааст.

Наздиконаш аксар даъвоҳоро бепоя медонистанд, вале гуфтанд, ба хотири раҳоии ӯ беш аз 1 миллиону 90 ҳазор рубл ва 1000 доллари даъвогаронро супурданд.

XS
SM
MD
LG