Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Будубоши шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Қазоқистон осон кардаанд


Муҳоҷирон дар марзи Русия ва Қазоқистон
Муҳоҷирон дар марзи Русия ва Қазоқистон

Аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳақ доранд, дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар то 90 рӯз бидуни сабти ном дар идораи милиса ҳузур дошта бошанд. Консулгарии генералии Тоҷикистон 1-уми ноябр бо эълони хабар гуфт, "ин ташаббус бар асоси Созишномаи байни ҳукумати ду кишвар амалӣ хоҳад шуд". Бар илова, шаҳрвандони Тоҷикистон дар сурати машғул шудан ба кор, метавонанд, бо гирифтани иҷозат муҳлати будубошашонро дар қаламрави Қазоқистон як сол дароз кунанд. Дар зимн, Қазоқистон баъди Русия кишвари дувуме аст, ки тоҷикон бештар ба муҳоҷирати корӣ ба онҷо мераванд.

XS
SM
MD
LG