Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони ҷаҳон ваъда медиҳанд, ки то 2030 ҷангалбуриро бас мекунанд


Шотландия
Шотландия

Қарор аст, имрӯз дар нишасти тағйири иқлим дар шаҳри Глазгои Шотландия як аҳдномае имзо шавад, ки бар асоси он бояд кишварҳои ҷаҳон то соли 2030 ҷангалбуриро бас кунанд.

Дар як баёнияи муштараке, ки рӯзи 2-юми ноябр имзо мешавад, раҳбарони он кишварҳое, ки 86 дар сади ҷангалҳои ҷаҳонро доранд, қавл медиҳанд, ба ҷангалбурӣ поён дода, баръакс, ба барқарор кардани ҷангалҳо мепардозанд.

Дар ин бора дафтари нахуствазири Бритониё хабар дод.

Дар байни ин кишварҳо, Бразилия, Индонезия ва Ҷумҳурии Демократии Конго ҳастанд, ки баъзеашон бузургтарин ҷангалзорҳои дунё ва таҳти хатари нобудиро доранд.

Дар баёнияи дафтари нахуствазири Бритониё омадааст, ин аҳднома “як қадами бузурге барои ҳифзи ҷангалзорҳо барои як насл аст.”

Барои иҷрои ин барнома 12 кишвар то соли 2025 12 миллиард доллар ҷудо мекардаанд. Беш аз 7 миллиард доллари дигарро бахши хусусӣ ҷудо мекардааст.

Мудирони 30 бонку муассисаи молӣ ҳамчунин аҳд хоҳанд дод, ки барномаҳоеро, ки сабаби ҷангалбурӣ мешаванд, сармоягузорӣ намекунанд.

XS
SM
MD
LG