Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фалокате, ки гармоиши Замин меорад. ВИДЕО


Тасвире аз гармшавии иқлим дар Бритониё.
Тасвире аз гармшавии иқлим дар Бритониё.

Дар шаҳри Глазгои Бритониё нишасти азиме дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз тағйири иқлим ва ё гармоиши курраи Замин идома дорад.

Раҳбарони ҷаҳон мегӯянд, бояд саъй кард, ки ҳарорат дар даҳаҳои оянда аз 1.5 дараҷа болотар наравад, чун мумкин аст, ояндаи инсоният торик шавад. Пешбиниҳо ин аст, ки дар сурати идомаи гармоиши саёра мумкин аст, масалан, то соли 2100 дар Тоҷикистон ҳосилнокии замин 30 дар сад кам шавад ва 800 ҳазор нафар дар вартаи гуруснагӣ қарор бигиранд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Як фалокате, ки гармоиши Замин меорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Соли гузашта, дар натиҷаи садама дар нерӯгоҳи барқии бухорӣ дар Русия, бештар аз 17 ҳазор тонна керосин ба рӯдхонаҳои атроф рехт. Фалокати бузурге, ки ба гуфтаи Гринис бори аввал дар Арктика ба вуқуъ пайваст. Ҳукумат гуфт, сабаби фалокат саҳлангории мақомот будааст, аммо донишмандон ва муттассадиёни нерӯгоҳ мегӯянд, об шудани қабати яхбастаи замин, бӯшкаи азими сӯзишвориро беҷову вайрон кардааст.

Об шудани қабати яхбастаи замин ва ях сабаби тағйири ҷуғрофиё ва маҳалли хос мешавад. Ҷое, ки яхи зиёд дорад, бо суръат фурӯ менишинад ва ин барои иқлим ва зербунёдҳои онҷо бад аст. Ин тағйирот на танҳо ба зиндагии мардуме, ки дар Арктика кору зиндагӣ мекунанд, асари манфӣ мегузорад, балки дар умум ба зербунёдҳо, амнияти энергетикиву обӣ, ғизоӣ ва амнияти миллӣ таъсири манфӣ дорад.

Обшавии қабати яхбаста ҳамчунин гази бештари карбонро хориҷ ва ҳаворо гармтар мекунад.

Таъсири мутақобилаи қабати яхбастаи замин ва карбон возеҳ аст. Дар қабати яхбаста гази зиёди карбон вуҷуд дорад. Ба тахмини донишмандон, гази карбоне, ки дар қабатҳои яхбастаи замин ва хок вуҷуд дорад, назар ба гази карбон дар атмосфера ду баробар зиёд аст. Хулоса, агар ин гази карбон ба атмосфера хориҷ шавад, ҳаҷми он се баробар бештар мешавад.

Ин мушкилро на танҳо Русия, балки Амрико ҳам дорад ва асари обшавии қабати яхбастаи заминро эҳсос кардааст. Донишмандон мегӯянд, ҳукуматҳои кишварҳои сард, ки манотиқи яхбаста доранд, бояд барои нигаҳдории зербунёдҳои муҳим барои зиндагӣ дар он ҷойҳо харҷи бештар кунанд.

XS
SM
MD
LG