Ҷон Керри, мудири барномаҳои Амрико оид ба муқобила бо гамршавии иқлим, рӯзи 9-уми март дар Брюссел бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо гуфтугӯ хоҳад кард.
Ӯ бо ҳамкори аврупоиаш – муовини президенти Кумисюни Аврупо Франс Тиммерманс ва раҳбари ин Кумисюн Урсула вон дер Лейен дидору мулоқот мекунад.
Моҳи феврал, замоне ки президенти мунтахаби Амрико Ҷо Байден ба сари кор омад, узвияти Иёлоти Муттаҳида дар Созиши муҳитзистии соли 2015, ки бо номи созиши Париж маъруф аст, барқарор карда шуд. Раҳбарони аврупоӣ аз ин иқдоми Вашингтон ситоиш карданд.
Созиши мазкур мувофиқаи 195 кишварро дар назар мегирад, ки гармшавии иқлими сайёраро дар ҳудуди на бештар аз 2 дараҷаи Селтсия нигоҳ медорад. Ин сатҳи зарурӣ барои роҳ надодан ба фоҷеаҳои вобаста ба тағйироти иқлим мебошад.
Президенти собиқ Доналд Трамп Амрикоро соли 2017 аз ин созиш берун кард ва гуфт, санади мазкур ба кори соҳибкорони амрикоӣ зарба мезанад.
Сафари Ҷон Керри ба Брюссел аввалин дидору гуфтугӯҳои як мақоми баландпояи Кохи Сафед бо аврупоиҳо хоҳад буд. Дар ин гуфтугӯҳо барномаҳои кории байни Аврупову Амрико дар самти ҳифзи иқлим баррасӣ мешавад.