Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар паи сарозер шудани порае аз пиряхе дар Ҳинд 170 нафар нопадид шудааст


Маҳалли ҳодиса
Маҳалли ҳодиса

Наҷотбахшон дар Ҳинд талош доранд 170 нафареро пайдо кунанд, ки дар натиҷаи обшавӣ канда шудани пораи як пиряхи Ҳимолой нопадид шудаанд. Дар паи ин ҳодиса, 14 нафар кушта шуд ва тарси бисёриҳо ин аст, ки дигар нопадидшудаҳо ҳам дигар зинда нестанд. Ин ҳодиса дар қисмати шимолии Ҳинд дар ҳудуди аёлати Уттаракханд рух дод.

Обхезӣ 7-уми феврал замоне рух дод, пиряхи Нанда Деви бо сабаби якбора берун омадани оби дарёи ҷойгир аз пушташ шикоф шуду як қисмаш шикаста ба замин зад. Дар натиҷа, як нирӯгоҳи нотамоми барқию обӣ хароб шуда, дигар нирӯгоҳи амалкунанда ҳам аз кор баромад. Обхезӣ деҳоти ҷойгир дар соҳилҳои ду дарёи атрофро пахш намуд. Маркази ёрии изтирорӣ гуфт, ки 170 нафари нопадидшуда кормандони ниругоҳҳои барқӣ мебошанд. Инчунин 30 нафари дигар дар як нақбе дармондаанд.

Донишмандон мегӯянд, ки фоҷеаи баамаломада як паёмади гармшавии иқлим дар кӯҳҳои Ҳиндукуш ва Ҳимолой мебошад.

XS
SM
MD
LG