Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба муҳоҷирони узбекистонӣ барои сабти ном 15 рӯз вақт медиҳад


Муҳоҷирони узбекистонӣ дар Русия.
Муҳоҷирони узбекистонӣ дар Русия.

Бино ба созишномаи байни Узбекистону Русия, шаҳрвандони ду кишвар аз сабти номи ҳатмӣ давоми 15 рӯзи убури марз озод карда мешаванд.

Айни замон аз ин имтиёз дар Русия шаҳрвандони Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон бархурдор ҳастанд.

Созишнома дар бораи чунин имтиёз байни Русия ва Узбекистон нахуст рӯзи 21-уми май имсол дар шаҳри Москва ва аз ҷониби Узбекистон рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд имзо шуд.

Пештар аз ин расонаҳо хабар доданд, Русия 158 ҳазор муҳоҷири узбекистониро, ки аз он кишвар ихроҷ шудаву ва вурудашон манъ буд, авф кардааст.

XS
SM
MD
LG