Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналистеро дар Белорус ба "хиёнат ба давлат" айбдор карданд


Девис Ивашин, рӯзноманигори таҳқиқгар
Девис Ивашин, рӯзноманигори таҳқиқгар

Мақомоти Белорус Девис Ивашин, рӯзноманигори таҳқиқгарро, ки барои халал расонидан ба кори милиса боздошт шуда буд, ба “хиёнат ба давлат” айбдор карданд.

Дар ин бора КГБ-и Белорус ба нашрияҳои маҳаллӣ хабар додааст.

Ӯро рӯзи 12-уми марти соли ҷорӣ дар дохили манзили зисташ дар Гродно боздошт карданд. Моҳи июл маълум шуд, ки ду бор дар боздоштгоҳ ӯ сактаи қалб шудааст.

Пеш аз боздошт ӯ борҳо дар бораи даст доштани зархаридҳои рус дар пароканда кардани эътирозҳо дар Белорус ва шиканҷаи эътирозгарон гузориш навишта буд.

Бар асоси айби нав ӯро то 15 соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст.

Мақомоти Белорус дар як соли ахир даҳҳо журналистро боздошт карданд. Созмонҳои байналмилалӣ ин боздоштҳоро сиёсӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG