Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии дуюми Шаббос ва ғалабаи аввалини Баҳодур дар Сербия


Маросими ифтитоҳи мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар Белград. 25-уми октябр.
Маросими ифтитоҳи мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар Белград. 25-уми октябр.

Шаббос Неъматуллоев, варзишгари тоҷик, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар шаҳри Белгради Сербия дар вазни то 80 кило дар даври аввал бар намояндаи Олмон Силвио Шерли бо ҳисоби 3:2 дастболо шуд, дар даври дуюм 30-юми октябр бар Самуэл Камара аз Сйерра-Леоне бо нокаути техникӣ ғолиб омад. Ҳамакнун Шаббос дар 1/8 финал 1-уми ноябр бо Кейлан Кассиди аз Ирландия рақобат мекунад.​

Абдураҳмон Ёқубов, ки 29-уми октябр дар вазни то 60 кило бар Роланд Вереш (Маҷористон ё Венгрия) бо ҳисоби 3:2 пирӯз гардид, ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Рақибаш Алекс Де Ла Круз Баез аз Доминикан мебошад, ки имрӯз, 31-уми октябр, бо ҳам рӯбарӯ мешаванд.

Баҳодур Усмонов, ки 30-юми октябр дар 1/16 финал дар вазни то 63,5 кило Иля Шокирови русиягиро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт. Рақибаш дар 1/8 финал, ки 1-уми ноябр доир мегардад, Сомчай Вонгсуван аз Тайланд мебошад.

Имрӯз, 31-уми октябр, Ҷаҳон Қурбонов, ки дар нахустин рақобати худ дар вазни беш аз 92 кило бар намояндаи Кения Элли Очола бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд, дар даври навбатӣ бо Наренда аз Ҳиндустон рақобат хоҳад кард.

Ҳамин тариқ, аз ҳашт муштзани тоҷик чаҳор нафарашон ба 1/8 финал роҳ пайдо карданд, вале чаҳор нафари дигар дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалу ҷоизаҳои молии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни мардон дар Бедград маҳрум шуданд.

Рӯзи 29-уми октябр намояндаи Тоҷикистон Парвиз Каримов дар вазни то 92 кило аз Ҷамар Талли (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд. Рӯзи 30-юми октябр Абдумалик Болтаев дар 1/16 финал дар вазни то 75 кило қувваозмоиро ба Сумит (Ҳиндустон) бо ҳисоби 0:5 бохт.

Аз ин пеш Хусравхон Раҳимов дар вазни то 57 кило аз Йилмар Гонзалез (Колумбия) ва Саидикром Амонов дар вазни то 67 кило аз Мартин Скогейм (Норвегия) шикаст хӯрда буданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар шаҳри Белгради Сербия, ки 24-уми октябр оғоз шуд, то 6-уми ноябр идома хоҳад кард. Дар қаҳрамонии ҷаҳон беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвар ширкат доранд ва онҳо дар 13 вазн рақобат мекунанд.

Бори аввал ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бошанд, ба ҷуз аз медал бо ҷоизапулӣ мутаносибан дар ҳаҷми 50 ҳазор ва 25 ҳазор доллар қадрдонӣ мешаванд.

Мусобиқаҳои пешакии қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар Белгради Сербия дар “Штарк Арена” 2-юми ноябр ба анҷом мерасанд. 3-юми ноябр рӯзи истироҳат аст. Қувваозмоиҳои ниманиҳоӣ 4-уми ноябр ва финал рӯзҳои 5-6-уми ноябр баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG