Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Сербия ҳашт варзишгар намояндагӣ мекунад


Маросими ифтитоҳи мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар Белград. 25-уми октябр.
Маросими ифтитоҳи мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар Белград. 25-уми октябр.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон, ки 25-уми октябр дар Белгради Сербия шуруъ шуд ва то 6-уми ноябр идома меёбад, ширкат доранд. Ба иттилои сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳавскорӣ (AIBA) дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 650 варзишгар аз 105 кишвар аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо рақобат мекунанд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни мардон дар Белград ҳашт варзишгар шомил аст: Хусравхон Раҳимов (57 кг), Абдураҳмон Ёқубов (60 кг), Баҳодур Усмонов (63,5 кг), Саидикром Амонов (67 кг), Абдумалик Болтаев (75 кг), Шаббос Неъматуллоев (80 кг), Парвиз Каримов (92 кг), Ҷаҳон Қурбонов (+92 кг).

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов парчамбардори Тоҷикистон буд.

Аз байни муштзанҳои тоҷик аввалин шуда Шаббос Неъматуллоеви 24-сола ба рақобат мепардозад. Вай имрӯз, 26-уми октябр, дар даври муқаддамотӣ бо Силвио Шиерли аз Олмон қувваозмоӣ мекунад.

Рӯзи 28-уми октябр се намояндаи дигари Тоҷикистон – Хусравхон Раҳимови 19-сола, Саидикром Амонови 26-сола ва Ҷаҳон Қурбонови 35-сола – рақобат хоҳанд кард. Раҳимов дар даври дувум бо Йилмар Гонзализ Ландазури аз Колумбия рӯбарӯ хоҳад шуд. Амонов дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Венсен Киркоров (Булғористон)/Мартин Скожеим (Норвегия) қувва меозмояд. Қурбонови пуртаҷриба низ ба сабқат аз даври дувум шуруъ мекунад. Рақибаш Эйли Очола аз Кения мебошад.

Рӯзи 29-уми октябр боз ду муштзани тоҷик – Парвиз Каримови 24-сола ва Абдураҳмон Ёқубови 20-сола – аз даври дувум ба рақобат мепардозанд. Рақиби Каримов намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷомор Таллей ва рақиби Ёқубов ғолиби ҷуфти Мизон Ойкул (Туркия)/Роланд Верес (Маҷористон) мебошанд.

Рӯзи 30-юми октябр ба ду варзишгари тоҷик – Абдумалик Болтаеви 20-сола ва Баҳодур Усмонови 23-сола – навбат мерасад. Ҳарду аз даври дувум вориди рақобат мешаванд. Болтаев бо ғолиби ҷуфти Сумит (Ҳиндустон)/Дамон О Неилл (Ямайка) ва Усмонов бо Иля Шокиров аз Русия қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Инчунин аз Тоҷикистон ду довари дараҷаи байналмилалӣ - Мансур Муҳиддинов ва Акмал Абдуллоев – ба мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон даъват шудаанд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон дар Белград 2,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барандагони медалҳои тилло дар ҳар вазн соҳиби ҷоизаи молӣ ба маблағи 100 000 доллар мешаванд. Ба барандагони медалҳои нуқра 50 000 доллар ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 25 000 доллар тақдим мегардад.

Бояд гуфт, ки дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Белград Абдурозиқ, овозхони ҷавони тоҷик ва блогери маъруф суруди Муборакшо Мирзошоев “Ай, ёрам биё”-ро сароид. Ӯ дар саҳифаи худ дар Instagram навори видеоиро бо ҳунарнамоиаш дар ин маросим гузоштааст. Вай бо забони туркӣ ҳам як суруд иҷро кардааст.

Ёдовар мешавем, аз сабаби ба таъхир андохтани Олимпиадаи Токио-2020 ба соли 2021 ба иллати пандемияи коронавирус лозим омад дар гузаронидани мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон ислоҳот ворид карда шавад.

Дар аввал қаҳрамонии ҷаҳон-2021 мебоист дар Деҳлӣ баргузор мешуд, аммо шаҳр ӯҳдадориҳои молии худро дар назди AIBA иҷро накард ва Сербия ин мусобиқаро ба даст овард.

Белград бори дуюм дар таърихаш қаҳрамонии ҷаҳонро баргузор мекунад. Мусобиқаи қаблӣ соли 1978 доир шуда буд.

AIBA моҳи июни соли 2019 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бинобар масъалаҳои молӣ ва доварӣ аз мақоми олимпии худ маҳрум карда шуд. Мусобиқаҳои интихобӣ ва олимпии боксро дар Токио худи Кумитаи байналмилалии олимпӣ гузаронд.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар замони Истиқлолияти давлатӣ се медали биринҷӣ ба даст овардаанд: Абдусалом Ҳасанов соли 2003 дар Бангкоки Тайланд дар вазни то 57 кг, Шералӣ Достиев соли 2005 дар Мйаняни Чин дар вазни то 48 кг ва Анвар Юнусов соли 2011 дар Бокуи Озарбойҷон дар вазни то 56 кг.

XS
SM
MD
LG