Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон 7 варзишгар намояндагӣ мекунад


Ҷаҳон Қурбонов
Ҷаҳон Қурбонов

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон аз 24-уми октябр то 6-уми ноябри имсол дар Белгради Сербия баргузор мешавад. Ба иттилои сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳавскорӣ (AIBA) дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 650 варзишгар аз 105 кишвар ширкат хоҳад кард.

Аввалин бор дар таърихи 75-солаи AIBA ба онҳое, ки медал мегиранд, ҷоизаи молӣ супурда хоҳад шуд. Маблағи умумии ҷоизаҳои қаҳрамонии ҷаҳон байни мардон дар Белград 2,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Барандагони медалҳои тилло дар ҳар вазн соҳиби ҷоизаи молӣ ба маблағи 100 000 доллар мешаванд. Ба барандагони медалҳои нуқра 50 000 доллар ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 25 000 доллар тақдим мегардад.

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни мардон дар Белград ҳафт варзишгар намояндагӣ мекунад: Абдураҳмон Ёқубов (60 кг), Баҳодур Усмонов (63.5 кг), Саидикром Амонов (67 кг), Абдумалик Болтаев (75 кг), Шаббос Неъматуллоев (80 кг), Парвиз Каримов (92 кг), Ҷаҳон Қурбонов (+92 кг).

Инчунин аз Тоҷикистон ду довари дараҷаи байналмилалӣ - Мансур Муҳиддинов ва Акмал Абдуллоев – ба мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон даъват шудаанд.

Ёдовар мешавем, аз сабаби ба таъхир андохтани Олимпиадаи Токио-2020 ба соли 2021 ба иллати пандемияи коронавирус лозим омад дар гузаронидани мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон ислоҳот ворид карда шавад.

Дар аввал қаҳрамонии ҷаҳон-2021 мебоист дар Деҳлӣ баргузор мешуд, аммо шаҳр ӯҳдадориҳои молии худро дар назди AIBA иҷро накард ва Сербия ин мусобиқаро ба даст овард.

Белград бори дуюм дар таърихаш қаҳрамонии ҷаҳонро баргузор мекунад. Мусобиқаи қаблӣ соли 1978 доир шуда буд.

AIBA моҳи июни соли 2019 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бинобар масъалаҳои молӣ ва доварӣ аз мақоми олимпии худ маҳрум карда шуд. Мусобиқаҳои интихобӣ ва олимпии боксро дар Токио худи Кумитаи байналмилалии олимпӣ гузаронд.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар замони Истиқлолияти давлатӣ се медали биринҷӣ ба даст овардаанд: Абдусалом Ҳасанов соли 2003 дар Бангкоки Тайланд дар вазни то 57 кг, Шералӣ Достиев соли 2005 дар Мйаняни Чин дар вазни то 48 кг ва Анвар Юнусов соли 2011 дар Бокуи Озарбойҷон дар вазни то 56 кг.

XS
SM
MD
LG