Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Шаббос Неъматуллоев дар нахустин рақобаташ дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Сербия


Шаббос Неъматуллоев (аз рост). Акс аз бойгонӣ.
Шаббос Неъматуллоев (аз рост). Акс аз бойгонӣ.

Шаббос Неъматуллоев, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон, ки дар Белгради Сербия ҷараён дорад, 26-уми октябр дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 80 кило бар Силвио Шерли аз Олмон бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.

Шаббоси 24-сола аз байни ҳашт муштзани тоҷик аввалин шуда ба рақобат пардохт. Рақиби ӯ дар даври дувум, ки 30-юми октябр баргузор мешавад, Самуэл Камара аз Сйерра-Леоне мебошад.

Ба иттилои сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳавскорӣ (AIBA) дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвар аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо то рӯзи 6-уми ноябр рақобат мекунанд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни мардон дар Белград ба ғайр аз Шаббос Неъматуллоев (80 кг), ҳафт нафари дигар шомиланд: Хусравхон Раҳимов (57 кг), Абдураҳмон Ёқубов (60 кг), Баҳодур Усмонов (63,5 кг), Саидикром Амонов (67 кг), Абдумалик Болтаев (75 кг), Парвиз Каримов (92 кг), Ҷаҳон Қурбонов (+92 кг).

Рӯзи 28-уми октябр се намояндаи дигари Тоҷикистон – Хусравхон Раҳимови 19-сола, Саидикром Амонови 26-сола ва Ҷаҳон Қурбонови 35-сола – рақобат хоҳанд кард. Раҳимов дар даври дувум бо Йилмар Гонзализ Ландазури аз Колумбия рӯбарӯ хоҳад шуд. Амонов дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Венсен Киркоров (Булғористон)/Мартин Скожейм (Норвегия) қувва меозмояд. Қурбонови пуртаҷриба низ ба сабқат аз даври дувум шуруъ мекунад. Рақибаш Эйли Очола аз Кения мебошад.

Рӯзи 29-уми октябр боз ду муштзани тоҷик – Парвиз Каримови 24-сола ва Абдураҳмон Ёқубови 20-сола – аз даври дувум ба рақобат мепардозанд. Рақиби Каримов намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷамаор Таллей ва рақиби Ёқубов ғолиби ҷуфти Мизон Ойкул (Туркия)/Роланд Верес (Маҷористон) мебошанд.

Рӯзи 30-юми октябр ба ду варзишгари тоҷик – Абдумалик Болтаеви 20-сола ва Баҳодур Усмонови 23-сола – навбат мерасад. Ҳарду аз даври дувум вориди рақобат мешаванд. Болтаев бо ғолиби ҷуфти Сумит (Ҳиндустон)/Дамон О Неилл (Ямайка) ва Усмонов бо Иля Шокиров аз Русия қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Маблағи умумии ҷоизаҳои қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон дар Белград 2,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барандагони медалҳои тилло дар ҳар вазн соҳиби ҷоизаи молӣ ба маблағи 100 000 доллар мешаванд. Ба барандагони медалҳои нуқра 50 000 доллар ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 25 000 доллар тақдим мегардад.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар замони Истиқлолияти давлатӣ се медали биринҷӣ ба даст овардаанд: Абдусалом Ҳасанов соли 2003 дар Бангкоки Тайланд дар вазни то 57 кг, Шералӣ Достиев соли 2005 дар Мйаняни Чин дар вазни то 48 кг ва Анвар Юнусов соли 2011 дар Бокуи Озарбойҷон дар вазни то 56 кг.

XS
SM
MD
LG