Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдурозиқ мусобиқаи ҷаҳонии боксро дар Белград ифтитоҳ кард


Акси Абдурозиқ аз моҳи январи соли 2020. Манбаъ: "Азия-Плюс"
Акси Абдурозиқ аз моҳи январи соли 2020. Манбаъ: "Азия-Плюс"

Абдурозиқ, овозхони ҷавон ва блогери маъруфи тоҷик, дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Белград ширкат карда, ду тарона хондааст.

Ӯ дар Instagram видеоеро аз ҷараёни ҳунарнамоиаш дар ин маросим гузошт. Тоҷикистонро дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон, ки 25-уми октябр дар Сербия шуруъ шуд, ҳашт варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар миёни наврасону ҷавононро ҳам тобистони имсол Абдурозиқ бо задани зангӯла оғоз карда буд. Ин рақобатҳо дар Дубай баргузор шуданд.

Абдурозиқи 18-сола блогери маъруфи тоҷик дар Инстаграм аст. Шумораи обуначиёни ӯ дар ин шабака ба беш аз якуним миллион нафар расидааст.

Ба Абдурозиқ замоне таваҷҷуҳ карданд, ки дар кӯчаву бозорҳои зодгоҳаш “бо сӯзу гудоз” тарона мехонд. Ӯ бо ёрии репсарои тоҷик, “Барон”, аз Панҷакент ба пойтахт омад ва ба саҳнаҳои калони Тоҷикистон ва берун аз он роҳ ёфт.

XS
SM
MD
LG