Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 кишвар аз Русия хостанд, ҳамларо ба расонаҳои мустақил бас кунад


Эътирози як рӯзноманигор дар назди Хадамоти федеролии амнияти Русия
Эътирози як рӯзноманигор дар назди Хадамоти федеролии амнияти Русия

18 кишвари шомили Эътилоф барои озодии расонаҳо, аз ҷумла, Амрико ва Бритониё дар робита ба ҳифзи расонаҳои озод дар Русия изҳороти муштарак нашр карданд. Матни онро Департаменти давлатии Амрико рӯзи 28-уми октябр ба чоп расонд.

Дар ҳайати кишварҳои Эътилоф барои озодии расонаҳо Украина, Австралия, Канада, Ҷумҳурии Чех, Дания, Фаронса, Олмон, Юнон, Исландия, Латвия, Литва, Ҳолланд, Зеландияи Нав, Мақдунияи Шимолӣ, Словакия, Словения ва Бритониёву Амрико шомил ҳастанд.

Муаллифони изҳорот гуфтаанд, "дар робита ба таъқибҳои рӯзафзуни ҳукумати Русия нисбати рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил дар Русия амиқан нигарон ҳастем."

Дар изҳорот ҳамчунин омадааст: "Озодии расонаҳо барои фаъолияти муассири ҷомеаи бозу озод ҳаётӣ буда, барои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои усулӣ низ аҳамият дорад".

Мақомоти Русияро ба он гунаҳкор мекунанд, ки таъқибҳо зидди расонаҳои мустақил, гуруҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва шахсони дигарро бо истифода аз қонун дар бораи афрод ва гуруҳҳои "номақбул", инчунин, қонуни маъруф ба "агентҳои хориҷӣ" бештар кардааст.

Муаллифон аз ҳолатҳои зиёде ёдовар шудаанд, ки чӣ гуна расонаҳо ва рӯзноманигорон мавриди таъқиби мақомоти Русия қарор гирифтаанд.

Дар поёни нома муаллифон аз Кремл даъват кардаанд, ки "уҳдадориҳои байналхалқиашро дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи инсон иҷро, озодии расонаҳо ва амнияти рӯзноманигоронро таъмин кунад".

XS
SM
MD
LG