Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тири воқеӣ чӣ гуна ба дасти синамогарон афтод?" Идомаи таҳқиқи куштор бо ширкати Алек Болдуин


Ситораи синамои Ҳолливуд Алек Болдуин додгоҳи Манҳеттени Ню-Йоркро тарк мекунад. 26-уми октябр
Ситораи синамои Ҳолливуд Алек Болдуин додгоҳи Манҳеттени Ню-Йоркро тарк мекунад. 26-уми октябр

Дар доираи тақиқи қазияи кушта шудани наворбардори синамо Ҳалина Ҳатчинси украинитабор ҷузъиёти ба дасти синамогарон афтодани тирҳои воқеӣ таҳқиқ мешавад. Ӯ ҳафтаи гузашта аз ҷониби ҳунарпешаи Ҳолливуд Алек Болдуин дар лаҳзаҳои наворгирии филме кушта шуд. Таҳқиқи пешакӣ нишон дод, ки дар силоҳе, ки ӯ дар даст дошт, тири воқеӣ буд ва ҳамин як тир аз бадани наворбардор гузашта коргардони филмро ҳам захмӣ кардааст. Фоҷеа ҳангоми наворгирии филме бо номи “Зангбаста” рух дод, ки дар бораи моҷароҳои қарни 19 қисса мекунад.

Дар як нишасти хабарии рӯзи 27-уми октябр раиси полис Адан Мендоза гуфт, ки муфаттишон 500 дона тирро таҳқиқ карда ба хулосае омаданд, ки дар миёни онҳо тирҳои сохтаву воқеӣ омехта шудааст. Ӯ гуфт, “ҳоло саволи асосӣ ин аст, ки чӣ гуна тирҳои воқеиву сохта якҷо ба дасти филмсозон афтоданд” ва ҳам ин қазия “бархе масъалҳои амниятиро дар соҳаи синамо ва ҳам дар аёлати Ню Мехико эҷод мекунад”. Ӯ гуфт, ки шахсони масъули нигаҳдории тиру силоҳ дар баробари худи Алек Болдуин ва дигарҳо бо тафтишот ҳамаҷониба ҳамкорӣ мекунанд. Полис гуфт, ки вобаста ба ҷараёни таҳқиқ ҳама ширкатдорони ин ҳодиса, аз ҷумла Алек Болдуин метавонанд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.

XS
SM
MD
LG