Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рекордҳои нави олудашавиҳо ба коронавиврус дар Русияву Украина


Як беморхонаи Русия
Як беморхонаи Русия

Русия як рӯзи рекордии дигари олудашавӣ ба коронавирусро пуштисар кард. Ин кишвар, ки дар остонаи карантини 11-рӯза қарор дорад, дар 24 соати гузашта шоҳиди олудашавии 40,096 нафар ва марги 1159 шахси дигар аз COVID-19 шуд. Аз замони шурӯи пандемия дар Русия 235 ҳазор нафар ҷон додаанд ва ин чорумин баландтарин нишондод дар ҷаҳон баъдии ИМА, Бразилия ва Ҳинд будааст. Рӯзи 28 октябр Маскав қисман баста шуд ва танҳо нуқтаҳои тиҷоратии бисёр зарури мисли дорухонаву дӯконҳои ғизофурӯшӣ боз монданд. Қарор аст ҳафтаи аввали моҳи ноябр дар тамоми Русия маҳдудиятҳои навбатии марбут ба пандемия ҷорӣ шаванд.

Украина – ҳамсояи Русия ҳам бо рекорди нави якрӯзаи олудашавиҳо ба COVID-19 рӯбарӯ шудааст. Дар ин ҷо дар як рӯзи гузашта се ҳазор нафар бештар назар ба рӯзе аз он пеш - 26,071 нафар бемор шудаву 576 нафар даргузаштаанд. Мақомот дар Украина ва дигар нуқоти Аврупо мегӯянд, ки афзоиши навбатии олудашавиҳо ба мизони кунди эмшавӣ бар зидди коронавирус рабт дорад.

XS
SM
MD
LG