Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен амали низомиёни Судонро маҳкум кард


25-уми октябр, шаҳри Хартум, пойтахти Судон
25-уми октябр, шаҳри Хартум, пойтахти Судон

Котиби давлатии Амрико, Энтони Блинкен, бо нашри изҳороте рӯзи 25-уми октябр амали нирӯҳои мусаллаҳи Судонро “ба шиддат маҳкум” кард. Вай ҳамзамон хост, нахуствазир ва раҳбарони дигари мадании ин кишвар озод карда шаванд.

Блинкен гуфт, амали низомиёни Судон метавонад, ҷараёни интиқоли ин кишвари Африқои Шарқиро ба низоми демократӣ ба ҳам занад ва “ин хиёнат ба инқилоби сулҳомези Судон мебошад”.

Низомиёни Судон субҳи 25-уми октябр нахуствазир Абдулло Ҳамдукро боздошт карда, вазъи фавқулода ҷорӣ намуданд. Блинкен боздошти Ҳамдук ва раҳбарони дигари маданиро “ғайри қобили қабул” номид.

Пештар генерал Абдуфаттоҳ Бурҳон тавассути телевизион эълон кард, ки ӯ Шӯрои мухторро, ки як ниҳоди мадании ҳоким дар ҳукумати давраи гузори Ҳамдук буд, пароканда мекунад.

Қарор буд, пас аз як моҳ генерал Бурҳон раҳбарии Шӯрои мухторро ба ғайринизомиён вогузор кунад.

Ин ҳодиса, ки онро табаддулоти эҳтимолӣ номидаанд, аз ҷониби кишварҳои саросари ҷаҳон маҳкум гардид. Шӯрои амнияти Созмони Милал рӯзи 26-уми октябр дар ҷаласае паси дарҳои баста вазъи Судонро баррасӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG