Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Бохтар захмӣ шудани як зан дар хонаи "хеши президент"-ро таҳқиқ мекунад


Азизулло Соҳибов, раиси "Тоҷикматлубот"-и Хатлон дар як маъракаи "Ҷанговарони башардӯст". Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Додситонии шаҳри Бохтар ба таҳқиқи ҳодисаи захмӣ шудани як зан дар манзили зисти Азизулло Соҳибов, раиси идораи "Тоҷикматлубот" дар вилояти Хатлон оғоз кардааст.

Шоми 10-уми октябр як зани 36-соларо аз ин манзили зист бо як захми корд дар гардан ба бемористони шаҳри Бохтар интиқол доданд. Азизулло Соҳибов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки зан "худро бо корд зад" ва "касе дар ин ҳодиса даст надорад".

Як манбаъ аз Райёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон 24-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта "маводҳои тартибдодаи РВКД-ро ба додситонии шаҳри Бохтар супоридаанд." Ба гуфтаи ӯ, он шаб дар хонаи Соҳибов 25 нафар меҳмон будааст, ки бо аксари онҳо суҳбат шудааст.

Ин манбаъ гуфт, ҳанӯз нисбат ба ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст.

"Райёсати корҳои дохилии Хатлон бо ҳама шоҳидони ҳодиса суҳбат кард ва мавод тартиб дод. Маводҳоро ба прокуратураи шаҳри Бохтар супориданд.",--гуфт ӯ.

Додситонии Бохтар ин мавзуро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки С.О.-и 36-сола "аз дӯстони Азизулло Соҳибов аст".

Азизулло Соҳибови 50-сола, бародари Зоир Соҳибов ва амаки Шамсулло Соҳибов, домодҳои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аст.

Азизулло Соҳибов 20-уми октябр ва пас аз нашри хабар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки он шом аз Хуҷанду Душанбе ба хонааш меҳмон омада буд ва "ин зан ҳамроҳи кӣ ба манзил ворид шудааст, намедонад".

Ба гуфтаи ҳамсоягон, шоми 10-уми октябр, пеш аз сар задани ҳодиса, дар хонае, ки аз он Азизулло Соҳибов истифода мекунад, "чанд зану мард ворид шуда, зоҳиран аз дохили бино садои хурсандӣ берун меомад". Ба гуфтаи яке аз шоҳидон, "пас аз чанде садои доду вой баланд шуд ва пас аз бурдани зани оғуштаи хун он ҷо кормандони милиса ҳозир шуданд."

"Ин занро намешиносам ва баръакс ба ӯ кумак кардам, ки роҳи зиндагиашро ёбад. Дигар кас табъи ӯро хира карда, ин корро кардааст. Худаш дар пеши ҳамаи кормандони Раёсат (Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон) ҳаминро гуфт. Ҳам ёрӣ кунем ва ҳам гап шунавем. Ӯ бори дувум ин корро карда будааст", -- иддао карда буд Соҳибов.

Вай афзуд, зан чӣ гуна дар хонаи ӯ гарданашро бурид, бо чашм надидааст ва фақат пас аз рух додани ҳодиса шоҳид шудааст. Ин дар ҳолест, ки чанд мусоҳиби Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии вилояти Хатлон гуфтанд, "ба зан Азизулло Соҳибов ҳамла кардааст". Ба пизишкони бемористони шаҳри Бохтар ҳангоми интиқоли зани маҷруҳ гуфтаанд, ки "ӯ қасди худкушӣ кард".

20-уми октябр дар Идораи корҳои дохилии шаҳри Бохтар ҳодисаро тасдиқ карда, вале гуфтанд, "онро Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон таҳқиқ дорад."

Пизишкон дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Бохтар гуфта буданд, ки гардани зан бо корд бурида шуда буд ва онҳо ҷойи буридаро духтанд. Ин зан аз беморхона рухсат шудааст.

Азизулло Соҳибов дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) зиндагӣ мекунад ва солҳо боз раиси ҷамъияти "Тоҷикматлубот"-и вилояти Хатлон аст.

Хонаводаи Соҳибовҳо бо далели наздикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, аз нуфузи хос бархӯрдоранд. Онҳо соҳиби даҳҳо навъи тиҷорат дар Тоҷикистон ҳастанд. Бозори бузурги “Ҳоҷӣ Шариф” дар шаҳри Бохтар ва ширкати “Фароз”, ки ҳоло бо номҳои дигар даҳҳо навъи тиҷорат дорад, мансуби ин хонавода дониста мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG