Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азизулло Соҳибов гуфт, зане, ки дар хонаи ӯ захмӣ шуд, "худро бо корд зад" ВИДЕО


Шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон
Шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон

Азизулло Соҳибов, раиси идораи "Тоҷикматлубот" дар вилояти Хатлон, гуфт, зане, ки дар хонаи ӯ аз гарданаш захмӣ шуд, "худро бо корд зад" ва "касе дар ин ҳодиса даст надорад".

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, С.О.-и 36-сола шоми 10-уми октябри имсол аз маҳаллаи Ломоносови шаҳри Бохтар ба бемористони Қарияи Болои вилояти Хатлон бурда шуд. Манобеъ гуфтанд, "ин зан аз дӯстони Азизулло Соҳибов аст".

Азизулло Соҳибови 50-сола, бародари Зоир Соҳибов ва амаки Шамсулло Соҳибов, домодҳои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аст.

Азизулло Соҳибов 20-уми октябр ва пас аз нашри хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, он шом аз Хуҷанду Душанбе ба хонааш меҳмон омада буд ва "ин зан ҳамроҳи кӣ ба манзил ворид шудааст, намедонад".

Ба гуфтаи ҳамсоягон, шоми 10-уми октябр, пеш аз сар задани ҳодиса, дар хонае, ки аз он Азизулло Соҳибов истифода мекунад, "чанд зану мард ворид шуда, зоҳиран аз дохили бино садои хурсандӣ берун меомад". Ба гуфтаи яке аз шоҳидон, "пас аз чанде садои доду вой баланд шуд ва пас аз бурдани зани оғуштаи хун он ҷо кормандони милиса ҳозир шуданд."

"Ин занро намешиносам ва баръакс ба ӯ кумак кардам, ки роҳи зиндагиашро ёбад. Дигар кас табъи ӯро хира карда, ин корро кардааст. Худаш дар пеши ҳамаи кормандони Раёсат (Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон) ҳаминро гуфт. Ҳам ёрӣ кунем ва ҳам гап шунавем. Ӯ бори дувум ин корро карда будааст", -- иддао кард Соҳибов.

Вай афзуд, зан чӣ гуна дар хонаи ӯ гарданашро бурид, бо чашм надидааст ва фақат пас аз рух додани ҳодиса шоҳид шудааст. Ин дар ҳолест, ки чанд мусоҳиби Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии вилояти Хатлон гуфтанд, "ба зан Азизулло Соҳибов ҳамла кардааст". Ба пизишкони бемористони шаҳри Бохтар ҳангоми интиқоли зани маҷруҳ гуфтаанд, ки "ӯ қасди худкушӣ кард".

20-уми октябр дар Идораи корҳои дохилии шаҳри Бохтар ҳодисаро тасдиқ карда, вале гуфтанд, "онро Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон таҳқиқ дорад." Дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон иддао карданд, ки "ҳодиса дар ҳудуди Бохтар рӯй додааст ва масъулияти таҳқиқ ба дӯши онҳост."

Азизулло Соҳибов гуфт, то ҳанӯз касе аз ӯ дар робита ба ин ҳодиса баёнот нагирифтааст.

Моҷаро дар хонаи Соҳибовҳо таҳқиқ мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

Як духтури бемористони Қарияи Болои шаҳри Бохтар бе зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфт, ин зан се рӯз дар шуъбаи эҳёгарӣ буд ва баъдан ба утоқи умумӣ гузаронда шуд.

"Мо намедонем, ба ӯ чӣ шудааст. Фақат вазифаамонро иҷро кардем. Гарданаш бо корд бурида шуда буд, онро дӯхтем. Ду рӯз шуд, аз беморхона ҷавоб шудааст, вале ҳанӯз барои канда гирифтани риштаҳо наомад. Бояд як бори дигар ояд, то риштаҳо гирифта шаванд", -- гуфт яке аз пизишкон.

Азизулло Соҳибов дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) зиндагӣ мекунад ва солҳо боз раиси ҷамъияти "Тоҷикматлубот"-и вилояти Хатлон аст.

Хонаводаи Соҳибовҳо бо далели наздикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, аз нуфузи хос бархӯрдоранд. Онҳо соҳиби даҳҳо навъи тиҷорат дар Тоҷикистон ҳастанд. Бозори бузурги “Ҳоҷӣ Шариф” дар шаҳри Бохтар ва ширкати “Фароз”, ки ҳоло бо номҳои дигар даҳҳо навъи тиҷорат дорад, мансуби ин хонавода дониста мешаванд.

XS
SM
MD
LG