Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани ҷавон дар хонаи Азизулло Соҳибов "захмӣ шудааст"


Шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон
Шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон

Як зани ҷавонро, ки дар хонаи Азизулло Соҳибов, раиси "Тоҷикматлубот" дар вилояти Хатлон, аз гарданаш захмӣ шуда буд, аз бемористон ҷавоб додаанд.

Ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, С.О.-и 36-сола шоми 10-уми октябри имсол аз маҳаллаи Ломоносови шаҳри Бохтар ба бемористони Қарияи Болои вилояти Хатлон бурда шудааст. Манобеъ гуфтанд, "ин зан аз дӯстони Азизулло Соҳибов аст". Соҳибов то ин дам ба тамосҳои батакрори мо посух надод.

Азизулло Соҳибови 50-сола, бародари Зоир Соҳибов ва амаки Шамсулло Соҳибов, домодҳои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аст.

Чанд мусоҳиби Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии вилояти Хатлон гуфтанд, "ба зан Азизулло Соҳибов ҳамла кардааст", аммо тасдиқи он тавассути манобеи дигар имконпазир нест.

Ба пизишкони бемористони шаҳри Бохтар ҳангоми интиқоли зани маҷруҳ гуфтаанд, ки "ӯ қасди худкушӣ кард". Ин фарзия низ расман ё ба воситаи манобеи мустақил тасдиқ нашудааст.

Дар Идораи корҳои дохилии шаҳри Бохтар рӯзи 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чунин ҳодисаро сабт накарданд, вале як корманди огоҳ дар мақомоти интизомии Хатлон бо шарти фош нашудани ном гуфт: "Аз рӯи таҳқиқи ибтидоӣ ва гуфтаи шоҳидон, Азизулло Соҳибов ба зан ҳамла кардааст. Кормандони милисаи шаҳрӣ рафтанд, таҳқиқи ҳодисаро оғоз карданд, вале ҳозир касе даъво надорад."

20-уми октябр, баръакси як рӯз пеш, дар Идораи корҳои дохилии шаҳри Бохтар расман ҳодисаро тасдиқ карда, вале гуфтанд, "онро Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон таҳқиқ дорад." Дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон иддао карданд, ки "ҳодиса дар ҳудуди Бохтар рӯй додааст ва масъулияти таҳқиқ ба дӯши онҳост."

Як духтури бемористони Қарияи Болои шаҳри Бохтар бе зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфт, ин зан се рӯз дар шуъбаи эҳёгарӣ буд ва баъдан ба утоқи умумӣ гузаронда шуд.

"Мо намедонем, ба ӯ чӣ шудааст. Фақат вазифаамонро иҷро кардем. Гарданаш бо корд бурида шуда буд, онро дӯхтем. Ду рӯз шуд, аз беморхона ҷавоб шудааст, вале ҳанӯз барои канда гирифтани риштаҳо наомад. Бояд як бори дигар ояд, то риштаҳо гирифта шаванд", -- гуфт яке аз пизишкон.

Ба гуфтаи ҳамсоягон, шоми 10-уми октябр, пеш аз сар задани ҳодиса, дар хонае, ки аз он Азизулло Соҳибов истифода мекунад, "чанд зану мард ворид шуда, зоҳиран аз дохили бино садои хурсандӣ берун меомад". Ба гуфтаи яке аз шоҳидон, "пас аз чанде садои доду вой баланд шуд ва пас аз бурдани зани оғуштаи хун он ҷо кормандони милиса ҳозир шуданд."

Азизулло Соҳибов дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) зиндагӣ мекунад ва солҳо боз раиси ҷамъияти "Тоҷикматлубот"-и вилояти Хатлон аст.

Хонаводаи Соҳибовҳо бо далели наздикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, аз нуфузи хос бархӯрдоранд. Онҳо соҳиби даҳҳо навъи тиҷорат дар Тоҷикистон ҳастанд. Бозори бузурги “Ҳоҷӣ Шариф” дар шаҳри Бохтар ва ширкати “Фароз”, ки ҳоло бо номҳои дигар даҳҳо навъи тиҷорат дорад, мансуби ин хонавода дониста мешаванд.

XS
SM
MD
LG