Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон фармон дод, ки 10 сафири кишварҳои ғарбӣ аз Туркия хориҷ шаванд


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия ба Вазорати корҳои хориҷӣ супориш додааст, ки сафирони даҳ давлати ғарбиро аз ин кишвар берун кунанд.

Ба навиштаи нашрияи “Daily Sabath”, дар ин миён сафирони ИМА, Олмон ва Фаронса низ ҳастанд.

Ин хабар дар ҳоле пайдо шуд, ки сафирони панҷ кишвари аврупоӣ ба озодии Осмон Кавал, тоҷири шинохтаи турк, ки бо иттиҳоми даст доштан дар табаддулоти давлатӣ дар боздошт аст, садо баланд карданд.

Додситонии Истамбул ӯро дар кушиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи июли соли 2016 айбдор ва боздошт кардааст.

Озодии ӯро дар ҳафтаи гузашта сафирони ИМА, Олмон, Ҳоланд, Канада, Зеландияи Нав, Дания, Финландия ва Шветсия дархост карда буданд.

Туркия, кишвари узви НАТО аст ва барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо номзад аст. Соли 2016 ҳазорон нафар дар ин кишвар бо гумони даст доштан дар табаддулоти давлатӣ боздошт шуданд ва ҳанӯз боздоштҳо дар ин робита давом доранд.

Созмонҳои байналмилалӣ Туркияро барои саркуби мухолифон интиқод мекунанд.

XS
SM
MD
LG