Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА гуфт, ҷудоиталабони украинӣ ҳаракати онҳоро маҳдуд кардаанд


21 ноябри соли 2017. Акс аз шаҳри Луҳанск дар шарқи Украина аз ҷониби ҳайати САҲА бардошта шудааст
21 ноябри соли 2017. Акс аз шаҳри Луҳанск дар шарқи Украина аз ҷониби ҳайати САҲА бардошта шудааст

Ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар шарқи Украина намегузоранд, ки аъзои гурӯҳи нозирони САҲА, ки дар шарқи Украина аз оташбаси ҳассос дар миёни нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоиталабон назорат мекунанд, қароргоҳи худро тарк кунанд. Онҳо шарт гузоштаанд, ки як узви боздоштшудаи ҷудоиталабон аз дасти украиниҳо озод шавад.

Ҳайати вижаи нозирони САҲА аз соли 2014 дар минтақаи марзӣ мустақар шуда, вазъи амниятӣ дар вилоятҳои шарқии Донетск ва Луҳанскро назорат мекунанд ва ҳам барои ташкили музокироти миёни нирӯҳои ҳукуматии Украина ва ҷудоиталабони рӯ ба Русия миёнҷигӣ мекунанд. Дар давоми ҷангҳои миёни ин ду тараф дар ҳафт соли охир 13200 нафар кушта шудаанд. Бо ин ки аз июли соли 2020 як оташбаси бисёр ҳассосе амал мекунад, ҳар сари чанд вақт дар минтақа низоъҳои ҷудогонае миёни намояндагони ду ҷониб сар мезанад.

Рӯзи 18-уми октябр гурӯҳи нозирони САҲА бо нашри изҳороте гуфтанд, таваққуфгони мошинҳои ин ҳайат, ки дар шаҳри Ҳорливка (Горловка)-и минтақаи зери назари ҷудоиталабони Донетск ҷойгир мебошад, бо занҷиру қулф баста шуд. Мудири меҳмонхонае, ки дар он ба истилоҳ аъзои патрули хати пеш қарор дорад, ба кормандони САҲА хабар дод, ки бо як амри шаҳрдори Ҳорливка онҳоро аз ҳақи тарк кардани макон маҳрум намуданд. Баъди ин ба кормандони САҲА гуфта шуд, ки танҳо баъди озод шудани як афсари боздоштшудаи онҳо ин ҳайат озод мешавад. Назари ҷудоиталабон ба ин қазия дастрас нест.

Онҳо иддао кардаанд, ки афсар Андрей Косяк ҳафтаи гузашта аз ҷониби низомиёни украинӣ дар наздикиҳои хати ҷанг боздошт шуд. Ба гуфтаи онҳо, ӯ бо назорати оташбас машғул буд. Вале вазорати дифои Украина гуфт, ки Косяк як узви низомиёни рус аст, ки кораш аз ҷосусии махфӣ иборат будааст.

Ҳайати нозирони САҲА тақозо карданд, ки ҳаракати озоди аъзои ин тим таъмин шавад.

Низоъ дар шарқи Украина баъди он сар зад, ки Маскав нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол кард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин кори Русияро маҳкум намуд.

XS
SM
MD
LG