Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба қурбониёни ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин дар Кобул ҷуброн мепардозад


Мошине, ки ба он ҳамла сурат гирифта буд
Мошине, ки ба он ҳамла сурат гирифта буд

Вазорати мудофиаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кард, ки ба наздикони 10 қурбонии ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар Кобул ҷуброн пардохт мекунад.

Ҷон Кирбӣ, сухангӯи Вазорати мудофиаи Амрико гуфт, ки барои берун кардани наздикони қурбониёни ҳамла аз Афғонистон ба ИМА низ талош доранд.

Охири моҳи август мақомоти ИМА эълон карданд, ки дар Кобул ба як мошини аъзои созмони тундрави ДОИШ ҳамла карданд ва чанд увзи ин гуруҳро куштанд.

Баъдан, рӯзноманигорон маълум карданд, ки дар ин ҳамла на аъзои ДОИШ, балки 10 узви хонаводаи як корманди созмони хайрия, аз ҷумла ҳафт кӯдак кушта шудааст. Мақомоти Амрико дертар инро эътироф карданд.

Ҳамла замоне сурат гирифт, ки охири моҳи август дар фурудгоҳи Кобул таркиш рух дод ва 13 сарбози амрикоӣ ва даҳҳо афғонистонӣ, ки талоши берун шудан аз Афғонистонро доштанд, дар назди фурудгоҳ кушта шуданд.

ИМА гуфта буд, ки талоши безарар кардани ҳамлаи дуюми ДОИШ дар фурудгоҳи Кобулро кардааст.

XS
SM
MD
LG