Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ масъулияти ҳамла ба масҷиди Қандаҳорро бар дӯш гирифт


Масҷиде, ки дар он ҳамла сурат гирфитааст
Масҷиде, ки дар он ҳамла сурат гирфитааст

Шохаи хуросонии гурӯҳи тундрави ДОИШ масъулияти бомбгузории маргталабона дар масҷиди шиаён дар шаҳри Қандаҳори Афғонистонро бар дӯш гирифт.

Рӯзи 15-уми октябр ҳангоми адои намози ҷумъа дар масҷиди шиаёни Қандаҳор таркиш шуд, ки дар он даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Дар эъломияи худ ДОИШ гуфтааст, ин корро ду узви ин созмон, ки дар бадани худ камарбанди магрталабона доштанд, анҷом додаанд.

Мақомот дар Қандаҳор гуфтанд, ки дар ин ҳамла 36 нафар кушта ва 70 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳафтаи гузашта ДОИШ чунин ҳамларо дар масҷиди шаҳри Кундуз анҷом дода буд.

Ин ҳамлаҳо иддаои Толибонро, ки пас аз солҳо ҷанг ба Афғонистон сулҳ овардаанд, ночиз мекунад.

XS
SM
MD
LG