Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, Талдикӯли Хурдро ҳифз мекунанд


Серикқулӣ Брекешев, вазири муҳитзистӣ, геологӣ ва захоири табиии Қазоқистон гуфт, ки кӯли Талдикӯли Хурд ҳамчун обанбор дар майдони 20 га ҳифз мешавад.

"Мо ба чунин хулоса расидем, ки Талдикӯли Хурдро ҳифз кунем. Ҳоло резиши об ба он қатъ шудааст. Мо тавассути роҳҳои сунъӣ ба кӯл об меорем ва онро ҳамчун иншооти обӣ ҳифз мекунем", - гуфт вазир.

Баҳсҳо атрофи кӯли мазкур дар шаҳри Нурсултон чанд моҳ аст, ки идома дорад. Мақомоти маҳаллии шаҳри Нурсултон дар наздикии кӯл ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ шуруъ кардаанд. Фаъолони муҳитзистӣ ҳукумати шаҳри Нурсултонро ба хотири сохтмони манзил дар наздикии кӯл танқид карданд.

XS
SM
MD
LG