Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия квотаро барои гирифтани "РВП" камтар кардааст


Михаил Мишустин
Михаил Мишустин

Русия шумораи квотаро барои дарёфти иҷозаи иқомати муваққатӣ ё "РВП" дар соли оянда камтар кардааст.

Дар ин бора амри нахуствазир Михаил Мишустин содир шуд. Тибқи он, Русия соли 2022 барои дарёфти "РВП" беш аз 18 ҳазору 955 квота ҷудо кард, ки барои хориҷиён ва шахсони бе мақоми шаҳрванд пешбинӣ гардидааст.

Дар муқоиса бо соли гузашта шумораи квота 50 дарсад кам шудааст. Қисмати бештари квотаҳо дар соли оянда ба Маскав ва Санкт-Петербург пешбинӣ шудааст.

Коҳиши квота барои дарёфти ҳаққи иқомати муваққат дар Русия дар ҳолест, ки садҳо шаҳрванди Тоҷикистон талош мекунанд, аз ҳамин роҳ шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.

Соли 2020 беш аз 44 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуданд. Дар байни онҳо мутахассисон ва кормандони ботаҷриба кам нестанд. Мухолифон ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки шароити корро дар дохил фароҳам намекунад, то мутахассисон ба муҳоҷират нараванд.

XS
SM
MD
LG