Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо гуфт, ба ҳамсояҳо ва худи Афғонистон ёрӣ мекунад


Кӯчае дар Кобул
Кӯчае дар Кобул

Дар Давҳаи Қатар нахустин мулоқоти рӯбарӯи мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва “Толибон” баргузор шуд ва баробар бо ин Аврупо тааҳҳуд кард, ки тахминан 1 миллиард евроро барои кам кардани бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон ироа мекунад. Ин ҳама дар ҳолест, ки фишори байналмилалӣ болои ин гурӯҳи тундрав бо сабаби суқути ҳуқуқи башар афзоиш меёбад. “Толибон” дар талоши эътирофи байналмилалӣ ҳастанд ва айни замон барои пешгирӣ аз фалокати башарӣ дар кишвар ба кӯмакҳо ниёз доранд. Дар остонаи зимистони сард иқтисоди Афғонистон дар ҳоли бӯҳронӣ буда, нархи ғизо хеле боло рафтааст ва бекорӣ ҳам аз қабл боз шадидтар мешавад.

Дар ҷаласаи фосилавии кишварҳои Гурӯҳи 20-гонаи иқтисодҳои пешрафта, ки ба эҳтиёҷоти Афғонистон бахшида шуд, аз ҷумла сӯҳбат аз нигарониҳои амниятӣ ва ташкили долони амни хуруҷи ҳазорҳо афғонистониҳои тарафдори Ғарб аз кишвар рафт. Дар чаҳорчӯби ин нишаст Иттиҳоди Аврупо ваъда дод, ки 700 миллион евроро ҳамчун ёрии изтирорӣ ба Афғонистон ва ҳамсояҳояш медиҳад, то ки ба гуфтаи Урсула вон дер Лейен, президенти Комиссиюни Аврупо, аз “суқути азими башарӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ пешгирӣ шавад”. Дар умум ёриҳои Аврупо бо ҳисоби 300 миллион еврои қаблӣ як миллиард евроро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG