Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон дар ним сол ба Тоҷикистон 752 млн. доллар фиристодаанд


Бонки Марказии Русия ҳаҷми маблағи фиристодаи муҳоҷирони тоҷик дар нимсоли ҷориро нашр кардааст. Тибқи омори бонк, дар ин муддат зодагони Тоҷикистон аз Русия ба ватан беш аз 752 миллион доллар фиристоданд. Ҳаҷми миёнаи пули интиқолёфта аз ҷониби зодагони Тоҷикистон аз 139 то 154 доллар будааст.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷаҳон аст, ки муҳоҷирони кориаш солона миллионҳо доллар ба хонаводаҳояшон мефиристанд ва пулҳои фиристодаи онҳо барои иқтисоди кишвар низ фавқуллода муҳим аст.

Сатҳи некӯаҳволии ҳар чаҳорумин оила дар кишвар ба пули интиқолии муҳоҷирон вобаста мебошад. Бонки Миллии Тоҷикистон эълон карда буд, ки соли гузашта муҳоҷирон 6,3 дарсад камтар маблағ интиқол додаанд.

XS
SM
MD
LG