Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Чехияро ба бемористон бурданд


Милош Земан
Милош Земан

Милош Земан, президенти Ҷумҳурии Чехро рӯзи якшанбе, 10-уми октябр, ба бемористон бурданд ва дар шуъбаи эҳё бистарӣ карданд. Расонаҳо рӯзҳои охир аз бадшавии вазъи саломати вай иттилоъ медоданд.

Бистарӣ шудани Земан як рӯз баъд аз баргузории интихоботи порлумонӣ рух дод, ки бино ба натиҷаҳои пешакӣ, дар интихобот мухолифони Земан ройи аксариятро касб кардаанд.

Земанро аз қароргоҳи берунишаҳриаш дар Прага ба бемористон бурданд. Бино ба наворҳое, ки нашр шуд, Земан дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон бурда шудааст. Пештар аз ин, расонаҳо бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки Земани 77-сола дарди ҷигар дорад.

Дар сурати дарозмуддат шудани табобати президент, порлумон метавонад, ӯро аз мансаб барканор кунад. Дар чунин ҳолат, ваколатҳои президентро порлумон ва сарвазир иҷро мекунанд.

XS
SM
MD
LG