Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиби девони вазирони Қирғизистон тағйир меёбад


Дар Қирғизистон тасмим доранд, ки ҳайати девони вазиронро тағйир диҳанд. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳанд.

Ба иттилои манобеъ, Оқилбек Ҷабборов, вазири ҳозираи иқтисод ва молия ҳамчун раиси девони вазирон пешбарӣ мешавад. Дар девони вазирони Қирғизистон тағйироти дигаре ҳам сурат хоҳад гирифт, ки мақомоти он кишвар тасмим доранд, дар бораи онҳо рӯзи 12-уми октябр расман иттилоъ диҳанд.

Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон ин иттилоъро тасдиқ ва ё рад накард.

Баъд аз имзои Конститутсияи нави Қирғизистон аз сӯи президенти он кишвар Содир Ҷабборов дар рӯзи 5-уми майи имсол, ҳукумати Қирғизистон ба девони вазирон табдил ва таркибу сохтори он тағйир ёфт.

Улуғбек Марипов он замон раиси девони вазирон таъйин шуда буд. Марипов 3-юми феврал сарвазир ва баъд аз тағйири таркибу сохтор кардани ҳукумат раиси Девони вазирон таъйин шуд.

Оқилбек Ҷабборов, ки то ин замон ду бор вазири молия ва иқтисод таъйин шуда буд, моҳи июни соли ҷорӣ бори севум ба вазифа таъйин гардид.

XS
SM
MD
LG