Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Афв"-и 150 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия


Муҳоҷирон дар яке аз бозорҳои Маскав. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирон дар яке аз бозорҳои Маскав. Акс аз бойгонӣ

Русия тартиби нави равоуи муҳоҷиронро ба роҳ мемонад. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, гуфтааст, таҳияи санади нав дар ин замина аз сӯи Вазорати корҳои дохилӣ дар чанд моҳи оянда омода хоҳад шуд. Ба таъкиди Лавров, онҳо ҷонибдори шаффофият дар ин масъала ҳастанд.

Моҳи августи имсол Русия эълон кард, ки дар ним соли охир вуруди тақрибан 100 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба он кишвар манъ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти рус 150 ҳазор муҳоҷири тоҷикро, ки ҳаққи сафар ба ин кишварро надоштанд, афв кардаанд. Дар ин бора Вадим Коженов, раҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия дар як навори видеоӣ хабар дод.

Вадим Коженов гуфт, ин афв онҳоеро фаро гирифт, ки аз сӯи Вазорати корҳои дохилӣ вурудашон ба қаламрави Русия манъ шуда буд. Муҳоҷироне, ки бо қарори додгоҳ аз Русия "депортатсия" шуда буданд, ҳамоно имкони бозгаштро надоранд.

Ба қавли Коженов, раванди авф аз 18-уми августи имсол оғоз гардида, аллакай маълумот дар ҳамаи байгониҳо дастрас аст. Бинобар ин, бояд муҳоҷирон тавассути вебсайти Вазорати корҳои дохилӣ номи худро тафтиш кунанд, то фаҳманд, ки ба рӯйхати авфшудаҳо ворид шудаанд ё не.

Тибқи омори Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон то кунун беш аз 270 ҳазор шаҳрванди ин кишвар аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум буданд. Таҳлилгарони масоили муҳоҷират мегӯянд, мақомоти тоҷик бояд талош кунанд, то муҳоҷирон барои қонуншикании ночиз ба феҳрасти “рондашудаҳо” наафтанд. Зеро онҳо як гуруҳи бузурге мебошанд, ки кӯмакашон ба иқтисоди Тоҷикистон ва буҷаи оилаҳо зиёд аст.

XS
SM
MD
LG