Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА қарори додгоҳи Полшаро дар заминаи бартарияти қонунҳои миллӣ бар аврупоӣ ба чолиш кашид


Эътирозгарон -- тарафдорони ҳамгироии аврупоӣ дар назди додгоҳи конститутсионии Полша
Эътирозгарон -- тарафдорони ҳамгироии аврупоӣ дар назди додгоҳи конститутсионии Полша

Як рӯз баъди он ки Додгоҳи конститутсионии Полша бартарии қонунҳои Иттиҳоди Аврупо аз болои қонунҳои миллии Полшаро “ғайриконститутсионӣ” номид, рӯзи 8-уми октябр Иттиҳоди Аврупо гуфт, ин қарор иштибоҳӣ аст. Коммиссиюни Аврупо баъди интизории тӯлонии ҳукми додгоҳ дар Варшава гуфт, ки қонунҳои аврупоӣ бартарӣ дошта, кишварҳои узви ИА бояд ба қонунҳои аврупоӣ пойбанд бошанд. Таҳаввулоте, ки дар Полша гузашт, муҳимтарин арзиши ҳамгироии аврупоӣ – бартарии қонунҳои ИА бар қонунҳои миллиро ба чолиш кашида инчунин ояндаи 38 миллион сокини ин кишвар ва дурнамои Полша дар ҳайати созмони иборат аз 27 узвро соя меафканад.

Даҳҳо эътирозгар ба нишони норизоият бо ин қарор дар пушти дарҳои додгоҳ ҷамъ шуданд. Қарори додгоҳ дар шароите содир шуд, ки ҳукумати миллатгарои “Қонун ва адолат” ба қонунгузории Полша тағйирот ворид кардааст. Брюссел ва Варшава то кунун дар масоили озодии матбуот ва ҳуқуқҳои инфиродӣ дучори ихтилоф буданд. Тағйирот ба қонунҳои Полша дар равобити ин кишвар бо Иттиҳоди Аврупо таниши бештар ворид кард. Ҳоло Полшаву Венгрия, ки дар масоили маҳдуд кардани озодии баён ва матбуот аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо интиқод мешаванд, даъво мекунанд, ки қарорҳои содиршуда дар ин кишварҳо набояд мавриди дахолати Брюссел бошанд.

XS
SM
MD
LG