Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъини раиси ҷамоат дар Кӯлоб ҷанҷол барангехт. Шаҳрдорӣ розист, Оҷонсӣ мухолиф аст. ВИДЕО


Ҷамоати Кӯлоб
Ҷамоати Кӯлоб

Раиси ҷамоати Кӯлобро дар шаҳри ҳамномаш ним сол пеш таъин карданд, вале баҳси он то кунун хомӯш нашудааст.

Намояндаи Оҷонси зиддифасод мегӯяд, Салим Бобохонов ба сабаби гунаҳкорӣ ба тақсими нодурусти замин ва ришвагирӣ ҳаққи кор дар ин мансабро надорад. Мақомоти Кӯлоб мегӯянд, вай бо хости мардум ва вакилони маҳаллӣ таъин шуд.

Салим Бобохонов соли 2015 дастгир ва бо пардохти ҷарима озод шуда буд, аммо худро бегуноҳ мешуморад.

Ҷамшед Гулаҳмадзода, раиси Идораи мубориза бо фасод дар Кӯлоб, мегӯяд, "ба сабаби инки маълумот доштем, ба раиси шаҳри Кӯлоб пешниҳод кардем. Гуфтем, ӯ ҳақ надорад, ки дар ин мансаб кор кунад."

Бобохонов моҳи апрели имсол раиси ҷамоати деҳоти Кӯлоб таъин шуд.

Масъулони Идораи мубориза бо коррупсия иддао доранд, ки ба зидди ӯ на як, балки чанд бор парванда кушоданд.

Аммо Салим Бобохонов гуфт, ӯ дар даст ҳуҷҷат дорад, ки нисбат ба ӯ парвандае боз нашудааст. Вай мегӯяд, ҳақ дорад, кор кунад, чун ӯро шаҳрдор ва мардум интихоб кардаанд. "Чизе буд, набуд, ман мактуби судро дар даст дорам. Ман доғдор нестем", -- мегӯяд Бобохонов.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Интихоби баҳсбарангези раиси ҷамоат дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Шаҳрдори Кӯлоб дар посух ба изҳороти Идораи мубориза бо коррупсия ба раёсати ҷамоат таъин шудани Бобохоновро дуруст шуморид. Қодир Вализода, шаҳрдори Кӯлоб, гуфт, номзадии ӯро шаҳрдорӣ пешниҳод ва мардуму вакилон интихоб кардаанд.

"Тамоми хидматчиҳои давлатӣ бар асоси қонун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, сипас ба мансаб таъин карда мешаванд. Мо пешниҳод кардем, мардуму вакилон интихоб карданд", -- афзуд ӯ.

Вале баъзе аз сокинон мегӯянд, аз онҳо дар бораи таъини раиси ҷамоат касе чизе напурсидааст. Ҷӯрахон Кабирӣ, сокини ҷамоати Кӯлоб, мегӯяд, "ҳеч кас ӯро интихоб накардааст. Ягон дафъа омада, дар байни мардум маҷлис накарданд ва ризоияти сокинонро нагирифтанд."

Ҷамоати Кӯлоб минтақаи кишоварзист ва солҳо боз баҳси тақсими замин дар онҷо доғ аст.

Салим Бобохонов бори аввал соли 2009 ба курсии раиси ҷамоати Кӯлоб нишаста то моҳи октябри соли 2014 ифои вазифа карда буд. Дар замони раёсати ӯ шикоятҳо аз ин ки заминҳои обёришаванда ё “заминҳои президентӣ”-ро барои бунёди хонаҳо ба сокинон тақсим кардааст, рӯ ба афзоиш овард.

XS
SM
MD
LG