Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исми барандаҳои ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё эълон шуд


Ҷоизаи ба номи Нобел
Ҷоизаи ба номи Нобел

Ҷоизаи имсолаи Нобел дар бахши кимиё ё химия ба Бенҷмин Лист ва Девид МакМиллан “барои рушди органокатализи ноҳавор” тақдим мешавад.

Соли 2020 донишманди фаронсавӣ Эммануэл Шарпентйе ва муҳаққиқи амрикоӣ Ҷеннифер Дудна барандаҳои ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё барои корашон дар самти таҳрири геном шуданд.

Ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё аз сли 1901 то имрӯз 113 дафъа тақдим шудааст. Дар вебсайти расмии ин ҷоиза омадааст, донишманд Фредерик Сангер танҳо нафаре буд, ки ҷоизаи Нобел дар бахши кимиёро ду бор дар умраш - соли 1958 ва 1980 бурдааст.

Ҷоизаи Нобел аз ҷониби соҳибкору як саноатчии швед Алфред Нобел таъсис шуда, барои кашфиёти нодиру муҳим дар илмҳои мухталиф тақдим мешавад. Ҷоизаҳо 10-уми декабри ҳар сол тақдим мешавад. Арзиши пулии ҳар ҷоиза тахминан як миллион доллар мебошад.

XS
SM
MD
LG