Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо аз даргирии "Толибон" бо Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер хабар доданд


Як ҷангии "Толибон"
Як ҷангии "Толибон"

Бархе расонаҳо аз задухурди шадид байни неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва гуруҳи “Толибон” дар Панҷшер хабар доданд. Шабакаи “Афғонистон интернешнл” рузи чоршанбе аз қавли манобеаш гуфт, “ин даргирии шадид шаби гузашта дар деҳаи Замонкури ноҳияи Аноба рух додааст.”

Ба навиштаи расона, задухӯрд ду соат давом карда, дар бораи талафоти эҳтимолӣ хабари дақиқ нест.

То ҳол Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва гуруҳи “Толибон” дар ин бора расман хабар надодаанд.

“Толибон” рӯзи 15-уми август шаҳри Кобулро бидуни ҷанг тасарруф карда, ҳукумати худро эълон намуд. Ин гуруҳ иддао дорад, ки ҳамаи қаламрави Афғонистон зери назорати онҳост, аммо Ҷабҳаи муқовимат зери роҳбарии Аҳмад Масъуд мегӯяд, Толибон то ҳол дараи Панҷшерро ба даст наовардаанд.

Бо гузашти як моҳ аз эълони ҳукумати “Толибон”, ягон кишвар онҳоро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG