Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Авесто": Буҷаи давлатии Тоҷикистон барзиёд иҷро шудааст


Корхонаи хиштбарорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Корхонаи хиштбарорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Хабаргузоории “Авесто” бо такя ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, дар 8 моҳи соли ҷорӣ даромади буҷаи давлатии кишвар 930 миллион сомонӣ барзиёд иҷро шудааст. Ин дар ҳолест, ки солҳои охир нақшаи пешбинишуда пурра иҷро намегардид ва камбуди буҷа аз ҳисоби шарикони байналмилаии рушд бартараф мешуд. Вазорати молия гуфтааст, ки то моҳи августи соли 2021 72 фоизи нақшаи буҷа аз ҳисоби афзоиши ҷамъоварии андозҳои асосӣ пур шудааст. Бар илова рушди иқтисод ва зиёд шудани ҷойҳои корӣ саҳмгузор будааст.

Ҳаҷми умумии буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 беш аз 27 миллиард сомонӣ ё 2,446 миллиард доллар муқаррар шуда, даромади он назар ба соли гузашта 141 млн доллар зиёдтар мебошад. Айни замон дахлу харҷи буҷаи давлатӣ дар Тоҷикистон пурра нашр намешавад ва дастраси ом нест.

XS
SM
MD
LG