Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои таълими динӣ тавассути интернет ҷазо ҷорӣ хоҳад шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Қонунгузорони Тоҷикистон мехоҳанд барои таълимоти динӣ тавассути интернет ҷазо ҷорӣ кунанд. Рӯзи 4-уми октябр аъзои Шӯрои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳи моддаи нав ба Кодекси ҷиноятиро баррасӣ карданд, ки мегӯяд, "барои таълими ғайриқонунии динӣ, аз ҷумла тавассути интернет ва агар ин кирдор хусусияти эктремистӣ надошта бошад ва баъди адои ҷазои маъмурӣ такроран содир шавад, ҷавобгарии ҷиноятӣ" пешбинӣ шавад. Дар Тоҷикистон се сол инҷониб таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ шуда чунин имконият танҳо дар назди муассисаҳои давлатӣ имконпазир аст.

Баъди ҷорӣ шудани чунин маҳдудият дар Тоҷикистон даҳҳо нафар боздошту ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Тобистони соли ҷорӣ президент Эмомалӣ Раҳмон аз ҷой доштани таълимоти ғайриқонунии динӣ дар водии Рашт изҳори нигаронӣ карда буд. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, соли 2020 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ тақрибан 70 ҳолати ғайриқонунӣ таълим додани зиёда аз 280 нафар кӯдакону наврасон ошкор карда шудааст.

XS
SM
MD
LG