Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гази Русия тавассути лӯлаи “Северный поток-2” ба Олмон меравад


Газпром интиқоли гази табиӣ ба Олмон тавассути лӯлаи гази баҳсбарангези “Северный поток-2”-ро, ки аз бистари баҳри Балтика мегузарад, шурӯъ кард. Дар бораи шурӯи интиқол ва захиракунии газ ширкати зертобеи Газпром - рӯзи 4-уми октябр Nord Stream 2 AG хабар дод, ки дар Швейсария сабтином шудааст. Таҳаввулоти ахир дар ҳолест, ки Аврупо дар остонаи зимистон бо коҳиши захираҳои гази табиӣ ва афзоиши нархи захираҳои энержӣ рӯбарӯ шудааст. Матбуоти Олмон гуфт, ки газ аллакай моҳи октябр дастрас мешавад.

Тарҳи “Северный поток-2” аз он ҷо баҳсбарангез шуд, ки бо фирор аз транзити хоки Украина, ки ин кишварро соле бо ду миллиард доллар даромад таъмин мекард, мустақим то Олмон сохта шуд. Украина талош кард пеши роҳи ин тарҳро бигирад ва мегуфт, ки Маскав ин лӯларо барои фишорҳои сиёсиву иқтисодӣ болои Аврупо истифода мекунад. ИМА ҳам дар оғоз мухолифи ин тарҳ буд, аммо моҳи май розӣ шуд, ки таҳрим ҷорӣ накунад. Рӯзи 4-уми октябр сухангӯи Департаменти Давлатӣ Нед Прайс гуфт, “мо ҳамоно ба ин лӯла мухолифат мекунем”. Ӯ афзуд: “Мо ба ин боварем, ки ин як тарҳи геополитикии Федератсияи Русия буда мо татбиқи қонунро мутобиқ бо арзёбиҳои ҳамешагии худ идома медиҳем”.

XS
SM
MD
LG