Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мақоми Вазорати фарҳанг ба тасарруфи пули буҷа муттаҳам шуд


Шариф Комилзода
Шариф Комилзода

Шариф Комилзода, мудири пешини Пажӯҳишгоҳи Вазорати фарҳанг ва раиси собиқи Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ба “тасарруфи пули буҷет” муттаҳам карданд.

Оҷонси зиддифасод 4-уми октябр гуфт, Шариф Комилзода солҳои 2019 ва 2020 дар мансаби мудири Пажӯҳишгоҳи Вазорати фарҳанг ҳамроҳ бо муҳосиб, Маҳмад Бобоҷонов, “бо сохтакории ҳуҷҷатҳо” беш аз 370 ҳазор сомониро аз худ карда, “ба эҳтиёҷҳои шахсиашон сарф намуданд”.

Манбаъ гуфтааст, нисбат ба гумонбарон бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ” ва “сохтакории хидматӣ” парвандаи ҷиноӣ кушоданд, ки ҷарима ва ё аз даҳ то ҳабдаҳ сол зиндонро дар назар дорад.

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 4-уми октябр гуфт, муҳосиб Маҳмад Бобоҷонов тақрибан як сол пеш фавтида, Шариф Комилзода ба нафақа баромадааст. Ҳамзамон як манбаи дигари огоҳ гуфт, феълан Комилзода ҳамчун муовини раиси пажӯҳишгоҳ кор мекунад.

“Мо хабар дорем, ки парванда кушодаанд, аммо таҳқиқ ба поён нарасидааст. Ҳангоми санҷиши фаъолияти муассисаҳои Вазорати фарҳанг ин камбудҳоро ёфтаанд. Парванда ҳанӯз ба додгоҳ нарафтааст”, -- афзуд мусоҳиби мо дар Вазорати фарҳанг.

То ин дам назари Шариф Комилзода ва ё наздиконаш дастрас нест. Маълум нест, ӯ дастгир шудааст ё то поёни таҳқиқ дар озодӣ аст.

Шариф Комилзодаи 63-сола аз соли 2015 мудири Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг буд.

Дар гузашта дар мақомҳои сардори шуъбаи равобити байнулмилалии Кумитаи андоз ва раиси Китобхонаи давлатии бачагона кор кардааст. Вай дар соли 2016 Китобномаи “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ”-ро чоп карда буд, номгӯи 2256 асари насриву назмӣ ва публитсистиро дар бораи раисиҷумҳури Тоҷикистон фаро мегирад.

XS
SM
MD
LG