Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фумио Кишида сарвазири нави Ҷопон шуд


Вазири пешини корҳои хориҷии Ҷопон, Фумио Кишида, сарвазири нави ин кишвар шуд
Вазири пешини корҳои хориҷии Ҷопон, Фумио Кишида, сарвазири нави ин кишвар шуд

Порлумони Ҷопон рӯзи 4-уми октябр Фумио Кишидаро дар мансаби сарвазири нави он кишвар тасдиқ кард.

Кишида, ки ҳафтаи гузашта раҳбарии Ҳизби либерал-демократи Ҷопонро ба уҳда гирифт, ба осонӣ тавонист, ройи вакилонро ба даст биорад. Ҳизби ӯ ва шарикони эътилофиаш аксар курсиҳои маҷлисро дар ихтиёр доранд.

Йошиҳиде Суга пас аз як соли кор дар мансаби сарвазири Ҷопон рӯзи душанбе истеъфо дод. Маҳбубияти ҳукумати вай барои бархурдаш бо бемории коронавирус ва масоили дигар кам шуд.

Интизор намеравад, Фумио Кишида дар сиёсатҳои асосии ҳукумат тағйирот ворид кунад, вале ваъда додааст, ки муҳаррикҳои густардаи иқтисодиро эҷод мекунад.

Вай пештар вазири корҳои хориҷии Ҷопон буд.

XS
SM
MD
LG