Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Португалия дар финал Аргентинаро мағлуб кард ва қаҳрамони футзали ҷаҳон шуд


Дастаи футзали Қазоқистон дар қаҳрамонии ҷаҳон чорум шуд.
Дастаи футзали Қазоқистон дар қаҳрамонии ҷаҳон чорум шуд.

Дастаи мунтахаби Португалия, ки рӯзи 3-юми октябр дар бозии ниҳоии қаҳрамонии футзали ҷаҳон-2021 дар Литва тими миллии Аргентинаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, бори аввал ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Ҳарду голи португалиҳоро Пани Варела ба самар расонид. Голи аргентиниҳоро Анхел Клаудино зад.

Португалия бори аввал дар таърихи худ қаҳрамони ҷаҳон шуд. Аргентина бошад, дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 2016, замоне ки дар финал мунтахаби Русияро бо ҳисоби 5:4 мағлуб карда буд, бо медалҳои тилло сарфароз шудааст.

Дар бозӣ барои ҷойи севум мунтахаби Бразилия тими миллии Қазоқистонро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард.

Қаҳрамонии футзали ҷаҳон-2021

Финал

Аргентина — Португалия — 1:2 (1:1)

Голҳо: Клаудино, 28 — Варела, 15, 28

3 октябр. Каунас. «Zalgiris Arena»

Бозӣ барои ҷойи севум

Бразилия — Қазоқистон 4:2 (0:1)
Голҳо:
Гитта, 12 – ба дарвозаи худ (0:1), Тайнан, 25 – ба дарвозаи худ (1:1), Тайнан 31 (1:2), Родриго 32 (2:2), Феррао 34 (3:2), Ле 35 (4:2).

XS
SM
MD
LG