Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Қирғизистон бо "Сентерра" дар бораи "Қумтор" гуфтугӯ мекунад


Кони тилои "Қумтор".
Кони тилои "Қумтор".

Ширкати "Сентерра" ташаббуси гуфтугӯҳо оид ба кони тилои "Қумтор"-и Қирғизистон рӯи даст гирифтааст. Дар ин бора президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар саҳифаи "Фейсбук" хабар дод.

Президент навишт, "дар ҳайати мо чаҳор кас ширкат дошт". Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ин ҳайат аз муовини раиси девони вазирон, ки ҳамзамони вазири энержӣ ва молия аст, раиси КДАМ, додситони кул ва раиси идораи берунии ширкати "Қумтор Голд Компанӣ" ва мутахассисони дигар аз бахши ҳуқуқи ширкат иборат аст.

Содир Ҷабборов хитоб ба шаҳрвандони кишвараш гуфт, ки: "Шумо нигарон набошед, ки тилои мо харидор намеёбад. Тило ҳамеша харидор дорад. Харидорон дар навбат истодаанд".

Қумтор - калонтарин кони тилои Қирғизистон аст. Ин конро ширкати канадагии "Сентерра" коркард мекард. Қирғизистон 26 дарсади саҳмияҳои ширкатро дар ихтиёр дошт. Ҳукумати Қирғизистон иддао дорад, ки ширкати мазкур иҷозатномаи коркарди конро ғайриқонунӣ ба даст овардааст ва ҳоло талош дорад, ки онро бекор кунад.

XS
SM
MD
LG