Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Эквадор гуфт, ки вазъ дар зиндонро назорат мекунад


Сарбозон атрофи зиндонеро, ки дар он шӯриш сар зад, иҳота кардаанд. Зиндони Гуаякил яке аз серодамтарин маҳбасҳои Эквадор буда шумори кормандонаш кифоят намекунад. Дар задухӯрди зиндониҳо силоҳ ва норинҷак истифода шудааст
Сарбозон атрофи зиндонеро, ки дар он шӯриш сар зад, иҳота кардаанд. Зиндони Гуаякил яке аз серодамтарин маҳбасҳои Эквадор буда шумори кормандонаш кифоят намекунад. Дар задухӯрди зиндониҳо силоҳ ва норинҷак истифода шудааст

Полиси Эквадор назорат ба як зиндони ин кишварро барқарор кард, ки дар чанд рӯзи ошӯбҳо боиси кушта шудани 118 зиндонии аъзои гурӯҳҳои рақиби ҷиноӣ гардид. Сабаби ҷанги онҳо талоши зери назари худ даровардани назорат бар ин муассиса будааст. Мақомот гуфтанд, ин пурқурбонитарин ошӯб дар таърихи зиндонҳои ин кишвари воқеъ дар Африқои Ҷанубӣ будааст.

Ба иловаи кушташудаҳо, 86 зиндонӣ маҷрӯҳ шуда шаш нафарашон дар ҳолати сангин қарор доранд. Дафтари додситонӣ гуфт, ки дастикам шаш зиндониро сар буридаанд.

Садҳо нафар дар беруни зиндон барои бурдани ҷасади наздиконашон ҷамъ шудаанд. Додситонӣ гуфт, ки полис шиносоии ҷасадҳоро анҷом медиҳад.

Шӯрише, ки рӯзи 28-уми сентябр дар зиндони воқеъ дар шаҳри соҳилии Гуаякил рух дод, дар миёни зиндониёне рух додааст, ки бовар меравад бо мафияи нашъаҷаллоби Мексика рабт доранд. Фармондеҳи калони полис Танния Варела рӯзи 30-юми сентябр ба журналистон гуфт, ки маҳбусон “дигар утоқҳои зиндонро назорат намекунанд” ва ҳоло дар дохили ҳуҷраҳояшон мебошанд. Барои пахши ошӯб 900 афсари интизомӣ ҷалб шуд. Дастикам ду нафари онҳо маҷрӯҳ гардиданд. Вебсайти маҳаллии хабарии Primicias

навишт, хушунатҳо баъди он бархост, ки аъзои як гурӯҳи ҷиноӣ зодрӯзи раҳбари худро таҷлил карда, таъриф мекарданд, ки назорати зиндон ба дасти онҳо аст. Ин ҳолат аъзои гурӯҳҳои рақибро ба хашм овард.

Хушунати ахир яке аз дигар ҳодисаҳоест, ки имсол дар зиндонҳои Эквадор рух медиҳад. Дар маҷмӯъ танҳо дар соли ҷорӣ беш аз 230 зиндонӣ қурбони ошӯбҳо шудаанд. 23-юми феврали имсол якбора дар чор зиндони Эквадор, аз ҷумла дар Гуаякил, ошӯб бархост. Дар ин ҳодисаҳо 79 зиндонӣ ҷон доданд, чанд нафари онҳо он дафъа ҳам бесар карда шуданд.

XS
SM
MD
LG