Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АП: Баъди талаби ронандаҳои норозӣ арзиши иҷозатнома шаш баробар кам шуд


Акс аз соли 2016
Акс аз соли 2016

Баъди таҷаммӯи ронандагони норозӣ дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта, нархи иҷозатномаи боркашонӣ аз 400 доллар то 60 доллар пойин оварда шудааст. Дар ин бора ронандагон ба хабаргузории "Азия-Плюс" иттило додаанд. Вале ҳанӯз ҳам, ба гуфтаи ронандагоне, ки аз Узбекистон ба Тоҷикистон бор мекашонанд, нархи иҷозатнома аз арзиши расмӣ 8 баробар баландтар аст. Боркашонии байнулмилалӣ ба воситаи роҳҳои заминӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисод гуфта мешавад. Дар гузашта нигарониҳо аз вуҷуди мушкили коғазбозӣ ё бюрократия, фасоди молӣ ва афзоиши нарх аз забони ронандаҳо садо додааст. Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, дар 8 моҳи имсол 42 ҳазору 601 мошини боркаш вориди Тоҷикистон шуда, зиёда аз 40 ҳазор ба берун рафтаанд.

XS
SM
MD
LG